Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таҳсилоти олӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави он, ки бо тарҳи хеле зебо ва шароити муосири корию таълимиаш бинои асосии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия хоҳад буд, оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои 5 – ошёнаи хуштарҳу замонавӣ бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар зарфи 2,5 соли оянда сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. Барои оғози сохтмон аллакай 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон, президент ба фаъолияти 15 – солаи донишгоҳи мазкур, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва бо дастгирии Русия таъсис ёфта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар ин мўҳлат Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар пешрафти соҳаи маорифи кишвари мо нақши намоён гузошт. «Имрўз хатмкардагони он дар хизмати давлатӣ, ширкатҳои бузурги ватанию хориҷӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо фаъолияти босамар доранд», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Манбаъ афзуд, дар ҷамъомади тантанавӣ, ҳамчунин муовини вазири маорифи Русия Алексей Понамарев ва Ректори Донишгоҳи Давлатии Забономўзии Маскав Ирина Халеева суханронӣ намуда, ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илму маориф ва фаъолияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баҳои баланд доданд.{jathumbnail off}