Вазири тоҷик: Аз дурӯғу ҳақиқати Эрон то мубориза бо бадномсозиҳои Ислом
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, тоҷикон танҳо баъд аз фурӯпошии ҳукумати 70-солаи коммунистии шӯравӣ тавонистанд, аз ҳақиқати таърих ва дини мубини Ислом, ки наздик ба 99%-и аҳолии кишвар пайрави онанд, огаҳӣ ёбанд.
Орумбекзода, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Теҳрон қарор дорад, дар суҳбат бо хабаргузории “Ирна” гуфтааст, “давоми 70 соли ҳукумати коммунистии шӯравӣ таблиғоти манфӣ алайҳи Эрон ва Ислом ба ҳадде сахт буд, ки мо ин давлатро як кишвари мусулмононишини ифротӣ ва мутаассиб медонистем.”
Ба гуфтаи ӯ, баъд аз раҳо шудани тоҷикҳо аз банди коммунизм ва огаҳӣ ёфтани онҳо аз ҳақиқати таърих, арзишҳо тағйир ёфта, дигар баҳсу ихтилофҳои бемаънои “Фирдавсӣ аз кӣ асту Рӯдакӣ мутааллиқ ба кадом кишвар аст?” поён ёфтаанд: “Эрон ва Тоҷикистон аз лиҳози динӣ, забонӣ ва қавмӣ бисёр ба ҳам наздиканд. Тоҷикҳо форсизабон, ориёӣ ва 99% мусулмонанд.”
Ӯ дар идома аз расонаҳои ҷаҳони Ислом даъват кардааст, дар баробари таблиғоти густурдаи дурӯғини Ғарб алайҳи ин дин ба муаррифии ҳақиқати Ислом ва омӯзаҳои он пардозанд: “ВАО-и кишварҳои исломӣ бояд дар баробари баъзе ворунасозиҳои Ғарб, ҳақиқати Исломро, ки ҳамон сулҳу созандагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ қоил аст, баён кунанд.”
Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Ғарб баъзеҳо талош доранд, аз Ислом як дини хушунатгарову таассуби кӯркурона ва нақзкунандаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон нишон диҳад: “Ислом волотарин ва нобтарин омӯзаҳоро барои тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон дар ҳама давру замонро ироа мекунад. Аммо душманон аз ҷаҳлу нодонии худи пайравони ин дин, ки решаи аслии мушкилот ва нокомии онҳо дар он аст, сӯиистифода карда, манофеи худро пиёда мекунанд. Арзиш ва таълимоти китоби Қуръон роҳи расидан ба як инсони комилро нишон медиҳад, адабу хирад, бузургдошти донишмандон, амалу афкори созанда ва пӯёро барҷаста мекунад.”
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди гуруҳҳои ДИИШ ва ал-Қоида изҳор доштааст, ки амали онҳо ҳеч рабте ба Ислом надорад ва китоби Қуръону равиши зиндагии паёмбар Муҳаммад (с) олитарин намуна ва беҳтарин далел барои исботи дини муҳаббату сулҳофар будани он аст.