Интиқоди Убайдуллоев аз хомӯшии мансабдорон дар ҷаласаҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми декабр дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ аз хомӯшӣ ва беташаббусии мансабдорони сатҳи поёнӣ дар ҷаласаҳояш интиқод намуда, онҳоро даъват кардааст, ки дар масъалагузориҳо фаъол бошанд.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ хост, камфаъолиятияшонро дар ҷаласаҳои васеи шаҳрдорӣ канор гузоранду, дар масоили мушкилоти шаҳрвандон масъалагузорӣ кунанд. Убайдуллоев аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мансабдорони сатҳи маҳаллӣ хостааст, ҳамчун баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар ифодасозии пешниҳоду муроҷиати шаҳрвандон фаъол бошанд.
Убайдуллоев зимни ҷаласа дар баробари баррасии масоили таъмини мардум бо барқу гармӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи мардум, инчунин ба таҷлили Соли Нави Мелодӣ дахл карда, дастур додааст, ки шаҳр барои ин ҷашн пурра омода шавад. Ӯ инчунин супориш додааст, ба истиқболи анъанавии Соли нави 2015 ба гуруҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ кумакҳои иҷтимоӣ ироа гарданд.
Раиси Душанбе инчунин хостори омодабоши масъулини коммуналӣ шуда, дастур додааст, ки техникаашонро барои барфрӯбӣ ва дигар корҳои хоҷагидорӣ омода нигоҳ доранд.