АКС: Ёде аз Хурмо Ширинова, Муборакшо ва Наргис дар Маскав
Дар шаҳри Маскав ба ёди се овозхони зиндаёди эстрадаи тоҷик маҳфили вижае баргузор шудааст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, маҳфили мазкур дар доираи барномаҳои фарҳангии бахшида ба 50-солагии таъсиси ансамбли “Гулшан” созмон ёфта ба ёди Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев ва Наргис Бандишоев бахшида шуд.
Дар оғози маҳфил филми ҳуҷҷатие аз зиндагӣ ва эҷоди ин се сарояндаи маъруфи тоҷик пешниҳоди бинандаҳо шудааст. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия аснои суханронӣ гуфтааст, “мо ифтихор дорем, ки имрӯз дар Маскав, ҳазорҳо километр дуртар аз Ватанамон мусиқии тоҷикӣ садо медиҳад. Биёед, ҳамроҳ аз фарҳангу санъати худ, ки барои баланд бардоштани имиҷи миллат ва Ватани мо кумак мекунад ифтихор дошта бошем”.
Гуруҳҳои “Авесто”, “Ғарибон” ва “Барака”-и Латвия таронаҳои Хурмо, Муборакшо ва Наргисро бозхонӣ кардаанд.