Гурба-гунаҳкори марги кӯдаки 1,5-сола дар Дарвоз
Дар ноҳияи Дарвоз гурба барои наҷот аз хунукӣ болои гаҳвора хоб рафта, ки дар натиҷа кӯдаки дохили гаҳвора ба ҳалокат расидааст.
Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, қазия рӯзи 29-уми ноябр дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз, ҳангоме, ки модари кӯдак ба нонпазӣ дар беруни хона машғул буд, рух додааст. Ба иттилои манбаъ кӯдаки 1,5-сола аз сабаби он, ки гурба болои рӯяш хобидааст, нафасгир шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли зимистон аз пайомадҳои сармо дар Тоҷикистон афроди зиёде ба ҳалокат мерасанд. Аз ҷумла 16-уми ноябри соли равон як ҷавони 22-сола ва ҳамсари 21-солааш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои наҷот аз хунукӣ дар оташдон ангиштсанг монда, аз дуди он ҳар дуяшон ба ҳалокат расиданд.