Уфти бесобиқаи рубл ва устувории доллар дар Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа поин рафта, имрӯз, 2-юми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба ивази 1000 рубл 100-102 сомонӣ медиҳанд, ки пасттарин нишондод тайи солҳои охир аст.
Аммо қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои асъор муътадил буда, арзиши як доллар 528-530 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле, ки қаблан арзиши як доллар дар Тоҷикистон то ба 5,5 сомонӣ расида буд.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ҳафтае қабл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои муътадил нигоҳ доштани қурби доллар баъзе рӯзҳо то 4 миллион долларро вориди бозори нақди кишвар мекунанд.