Хонанда: Ба ҷои бадномкуниҳо нолозим будани диндоронро исбот созед
Як корбари торнамои хабаргузории “Озодагон” зери хабари “Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!” шарҳ навишта аз бархе кормандони Академияи илмҳо гила кардааст. Хабари мазкур дар пояи изҳороти кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба райиси ҲНИТ чоп шудааст.
Шарҳи ин хонанда, ки бо номи “Дӯст” ирсол шудааст чунин аст:
“Ба академисянҳои секулори кишвар! Ба ононе ки гӯиё рӯй аз Худованди осмонҳову замин ба сӯи худои соъатии худ овардаанд. Худованди сохта ва дуруғини худ! Айнан ҳамон кореро, ки дар тӯли торихи вуҷудии башар фиръавнҳову намрудҳо ва чандаке пеш Гитлеру инсутар Сталин карда буданд. Кореро, ки имомаш иблис асту оғози амраш аз ибтидои офариниши инсон!
Ба ононе ки калимоте чанд аз “илм”, пароканда ва тутивор дастомӯз гаштаанду ҳоли аз ҳаргуна муқаддасот даъвии маърифат доранд. Идомадиҳандагони кори сармураббиашон, ки саропо кибр буду аз фармони Худояш ҷиҳати саҷдаи такрим дар баробари шарофати инсон гардан зад. Иноне ки бо номи Худованд ва пайравони ростини китоби Ӯ ва ҳам дӯстдорони паёмбари Ислом дар тохтутозанд. Магар шумо ҳанӯз ба Худои Муҳаммад (с) эмон наёвардаед? Ба Қурони Карим, ки охирин паёми Офаридгор асту ҷаҳони илм дар баробараш зонуи адаб зада аст, шак доред? Оё шумо касоне нестед, ки даъвои илму мантиқ менамоеду рутбаҳои буланхонадори профессор ва академикро ба худ ҳак задаед? Пас куҷост ҷасорату ғайрати шумо. Дар кадом мактаб омӯхтаед ин навъи муборизаро?
Беҳтар набуд, ҷои ингуна муборизаҳои номардона ва кӯдакона, майдоне барои гуфтугӯ ва муколима боз менамудед. Мардуми тоҷик, фарзандони Рӯдакии диндору Буаливу Саъдиву Ҳофизу Мавлоно ва Мулло ва ё Мавлоно Абдураҳмони Ҷомии Хуросонӣ ба осонӣ хубро аз бад метавонанд ҷудо созанд. Даъват кунед ба гуфтугӯи озод ва рӯбарӯи телевизионӣ ва суҳбат ороед бо ҳамин Кабириву ҳазорон Кабириҳои дигаре, ки ҳанӯз яке аз ҳазорашро дидаед.
Ба ҷои ин ҳама туҳмату бадномкуниҳо ва намоиши ёфтаҳои камназир ва таҳқиқоти аҷибу ғариби кайҳонӣ, хубтар нест рӯи барномаҳои бо ном муколама, аз ҲНИТ даъват намоеду дар баробари чашми мардум нолозим будани онҳо (диндорон) ва зарурати вуҷуди худро исбот созед?
Мардум бошад, қазоваткунандаи хубе ҳаст.
Агар ин корро намекунед, пас огоҳ бошед, ки ин кибри шумо ҳамонанди ҳамон кибре аст, ки аз таъзими шарофати инсон ӯро боз дошта буд.
Дар охир ба якояки шумо орзӯи саломатӣ ва озодагӣ дар зиндагиро дорам”.