Муҳоҷири тоҷик бар ивази 10 ҳазор Hyundai Santa Fe-ро оташ задааст
Дар Хабаровски Русия як муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар оташ задани автомашина муттаҳам мешавад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Хабаровск навиштаанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар кӯчаи Дикополсев болои мошини Hyundai Santa Fe равған рехта ва онро оташ задааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳолатро кормандони пулис мушоҳида кардаанд: “Кормандони пулис ин нафарро дар гузаргоҳи яке аз биноҳои истиқоматӣ дастгир кардаанд”.
Гуфта мешавад, боздоштшуда сокини 20-солаи Душанбе буда, дар Хабаровск ғайриқонунӣ ба сар мебурдааст. “Ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки мошинро оташ бизанад. Ӯ розӣ шуда ва бар ивази 10 ҳазор рубл мошини душмани фармоишгарро сӯзондааст”,-хабар додааст манбаъ.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол таҳдид мекунад.