Кабирӣ таҳиягарони матолиби зиддинаҳзатиро ифшо кард
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар таҳияи навор ва матолиби “антинаҳзатӣ” бархе аз кормандони Академия ва соҳаи илми кишварро айбдор кардааст.
Раиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябр дар вохурияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад.
“Як гурӯҳ дар академия нишаста аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд ва танҳо корашон навиштани мақолаву таҳияи матолиб зидди як ҳизб, як рӯҳонӣ ва модари тоҷик аст. Онҳо бо ин корашон чеҳраи бад ва зиште аз миллат ва модари тоҷик намоиш медиҳанд. Магар вазифаи онҳо ҳамин аст?”
Муҳиддин Кабирӣ аз он нигаронӣ кардааст, ки ин бархе кормандони илми тоҷик ба ҷои тавлиди андешаҳои наву ихтироъкорӣ ба пайгирии суҳбату мусоҳибаҳои масъулини ҲНИТ пардохтаанд: “Ба ҷои он, ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”
Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки ахиран боз навори видеоии маҳрамонае алайҳи яке аз фаъолони ҳизбаш ба интернет роҳ ёфта буд. Дар ин навор лаҳзаҳои ишқварзии як зани тахминан 50-сола бо ҷавоне сабт шудааст, ки таҳиягарон аз ӯ Ғалатӣ Баротова, узви фаъоли ҲНИТ ном мебурданд.
Аммо худи Ғалатӣ Баротова дар лаҳзаҳои аввали пайдоиши ин навор онро маҳкум карда, гуфт, ин навор ҳеч рабте ба ӯ надорад. Ин узви фаъоли ҲНИТ таъкид кард, барои пайдо кардани “қаҳрамон” ва таҳиягарони он ба ҳар нафари масъул 25 ҳазор доллар мукофот хоҳад дод.