3 сол ҳабси Ҷурабоев барои пешниҳоди пора ба пулис
Раҳматулло Ҷурабоев, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон барои пешниҳоди пора ба пулис ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст.
Тибқи иттилои додситонии ҷумҳурии Бошқирдистон, Ҷурабоев моҳи июни соли равон барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия боздошт шуда, дар шуъбаи умури дохилӣ барои раҳо ёфтанаш ба маъмури пулис 500 рубл пешниҳод кардааст: “Ин шаҳрванд зимни додани пора боздошт гардид ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд.”
Додситонии Бошқирдистон мегӯяд Ҷурабоев гуноҳашро иқрор кард, вале ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд. Дар натиҷа додгоҳ ӯро ба 3 соли зиндон ва дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл ҷариманбандӣ намудааст.