Туҳфаи Раҳмон ба ОМОН-и Кӯлоб
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Дастаи таъиноти махсуси милитсияи шаҳри Кӯлоб ду нақлиёт туҳфа кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин туҳфаи раисҷумҳурро Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири умури дохилии кишвар ба Дастаи таъиноти махсуси милитсияи шаҳри Кӯлоб расонидааст. Манбаъ мегӯяд, вазири умури дохилии кишвар зимни шиносоӣ бо рафти фаъолият ва шароити хизматрасонии кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ин минтақа изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, сафари кории раҳбари ин ниҳод ба дигар қисмҳои умури дохилии дар минтақаи Кӯлоб идома дорад.