500 рубл шаҳрванди Тоҷикистонро се сол ба кунҷи зиндон бурд
Додгоҳи ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Раҳматулло Ҷӯрабоев, як шаҳрванди Тоҷикистонро барои додани ришва муҷрим шинохтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Ҷӯрабоев 3 сол аз озодӣ маҳрум, инчунин ба пардохти 15 ҳазор рубл муваззаф шудааст.
Ба иттилои додгоҳ, Раҳматулло Ҷӯрабоев моҳи июни соли равон аз ҷониби пулис барои буду боши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия боздошт шудаст. Ба гуфтаи пулис ӯ ба кормандони ин ниҳод 500 рубл пешниҳод кардааст, то аз ҷавобгарии маъмурӣ раҳо шавад: “Пулис ғайриқонунӣ будани ин амалро ба вай мефаҳмонад, вале ӯ пофишорӣ кардааст”. Гуфта мешавад, ҷараёни пешниҳоди пора аз ҷониби Раҳматулло Ҷӯрабоев наворбардорӣ шудааст.