Боз як имтиёзи шаҳрдории Хуҷанд ба тоҷирони осебдида
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд хостори озодкунии соҳибкорони зарардида дар сӯхтори назди бозори “Панҷшанбе” аз ҳаққи пардохти таҳсили фарзандон ва хидматрасонии тиббӣ ба таври муваққат шудааст.
Ӯ дар ҷаласаи ахири корияш мудирони шӯъбаҳои маорифу тандурустӣ ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳрро вазифадор кардааст, барои осебдидаҳо аз сӯхтори марказҳои савдои шаҳри Хуҷанд чораҳои зарурӣ андешанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, Раҷаббой Аҳмадзода аз раҳбарони шӯъбаҳои мазкур хостааст, бо муваққатан озод кардан аз маблағи хониши фарзандон ва бо нуқтаи тиббӣ таъмин намудан ба соҳибкорони осебдида кӯмак кунанд. Аз ин пештар бархе соҳибкорони аз сӯхтор зарардида дар марказҳои савдои ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва бозори маҳаллаи 34-уми маркази вилояти Суғд бо нуқтаҳои савдои ройгон таъмин шуданд. Инчунин, гуфта шуд, барои як муддати муайян тоҷирон фоизи қарзҳои бонкиро пардохт намекунанд.
Оташсӯзии шаби 15 ба 16 ноябр марказҳои савдои "Тоҷир", "Барфаки Хуҷанд", "Баҳор" ва "Сино"-и назди бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилояти Суғдро ба "ком" кашид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар назди бозори “Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷандро натиҷаи ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ханиф” гуфт. Манбаъ масоҳати умумии сухторро 800 метри мураббаъ ва зарари расидаро 994000 сомонӣ ҳисоб кардааст.