Рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи саломатии Мақсуд Иброҳимов
Мақсуд Иброҳимов, сиёсатмадори ҷавони тоҷик ва раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт, ба худ омадааст. Дар ин бора бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашр кардани чанд акси ӯ дар беморхона хабар додаанд.
Қаблан гуфта мешуд, вазъи ӯ сангин аст ва дар шӯъбаи эҳёгарии яке аз бемористонҳои Маскав қарор дорад.Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамла ба Иброҳимов, раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” шоми 26 ба 27 ноябр дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав сурат гирифтааст.
Бархе расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ аз мақомоти интизомӣ навиштанд, ки Мақсуд Иброҳимов аз 7 октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудааст ва бо беҳтар шудани вазъ ӯро ҳабс хоҳанд кард.
Мақсуд Иброҳимов узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” ҳам гуфта мешавад. Ин эътилоф аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, гуруҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст. Эътилофи мазкур бо нашри як изҳорот рӯзи 27 ноябр ҳамла ба узви худро маҳкум карда, онро кори дасти амниятиҳои Тоҷикистон гуфтаанд, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ба ин изҳорот вокунише нишон надодааст.