Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯйи марзбонони қирғиз
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ин табааи тоҷикро дар наздикии шаҳраки
Чалдибари ноҳияи Панфилов дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, боздоштшуда қасд доштааст аз тариқи қаламрави Қирғизистон ба Қазоқистон биравад.