Нигаронии Раҳмон аз ноадолатиҳо дар тақсимоти нерӯи барқ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии ҳукумат, ки имрӯз, 28 ноябр доир гардид, аз ноадолатиҳо дар бахши тақсимоти нерӯи барқ ба мардуми кишвар нигаронӣ намуда, барои ҳалли ин масъала ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас додааст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласа ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштааст, низоми муайяншудаи тақсимоти барқ пурра ва бидуни саҳлангорӣ риоя карда шавад. Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон инчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли равон, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Дафтари матбуотии райисиҷумҳур меафзояд, дар ҷаласа раҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин нестанд, гуфтааст, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 26700 гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Бо таваҷҷуҳ ба арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва меллиоративӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав зимни ҳисоботаш гуфтааст, феълан дар ин ноҳия 33 ҳазору 600 нафар зиндагӣ мекунад, вале бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳо, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ, пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.