АКС: Агентӣ бар ивази 420 сомонӣ ҳавлирӯб мекобад
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ки субҳи имрӯз, 28 ноябр дар назди бинои Сирки шаҳри Душанбе оғоз гардид, беш аз 2 ҳазор ҷойи кори холӣ пешниҳоди сокнинон гардидааст.
Сафаралӣ Ҳакимов, як масъули Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин ярмарка дар бахшҳои гуногун, аз қабилӣ саноат, сохтмон, нақлиёт ва алоқа, тандурустӣ, маориф, манзилию комуналӣ ҷойҳои кори холӣ пешниҳод шудаанд: “Музди миёнаи маош 662 сомониро ташкил медиҳад ва аз 2040 ҷойи кори холӣ, 835 тояш ба ихтисоси занона рост меояд”.
Дар ярмакаи мазкур, ки бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил гардидааст, бештар афроде бо ихтисоси кафшергари барқӣ (музди меҳнат 1000 сомонӣ), “бетоншик” (800 сомомонӣ), ороишгар (800), ресанда (800-1000), бофанда (500-1000), боғбон (315-500), ронанда (376), ҳавлирӯб (420), корманд дар бахши кабудизоркунӣ (420), духтури оилавӣ (593), духтури рентген (817 сомонӣ) ҷои кор пешниҳод шудааст.
Тибқи иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 15 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор шуда, тавассути онҳо наздики 600 нафар ба ҷои кор таъмин шудаанд.