Назриев дар бораи пул, илм ва "бозӣ"-ҳои Маҳмадшо Илолов
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Ахиран дар Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоботи академикҳо баргузор шуд. Аз миёни 15 номзад 7 нафар ба ҳайси академик пазируфта шуданд. Ҷӯрабек Назриев, узви вобастаи Академияи улум ва раҳбари пешини Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҳам яке аз номзадҳо буд, ки баъдан номзадияшро бозпас гирифт. Хабарнигори Озодагон дар суҳбати ихтисосие нахуст аз ӯ далели ин тасмимашро пурсид.
Ҷӯрабек Назирев: “Банда бо чанд сабаби маълум номзадиямро бозпас гирифтам. Сабаби аввал ин буд, ки Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллӣ аз ман пеш ҳуҷҷатҳояшро супорида буд ва аз сабаби он ки барои соҳаи мо танҳо як ҷой муқаррар шуда буд, номзадиямро бозпас гирифтам. Агар ду нафар, яъне Имомов ва ман дар интихобот ширкат мекардем, шояд мушкилиҳо пеш меомад, ба ҳамдигар халал мерасондем. Инчунин фикр кардам, ки ӯ ректори донишгоҳ аст ва метавонад робитаҳои илмӣ-фарҳангии Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллиро беҳтару бештар густариш бидиҳад. Бо назардошти ин омилҳо даъво накардам ва бо андешаи “шояд интихоби ӯ ба манфиати илм бошад”, номзадиямро гирифтам”.
Озодагон: Баъди эълони натоиҷи интихоботи Академияи улум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ интиқодҳое ҳам шуд. Масалан, гуфтанд, ки дар рафти интихоби номзадҳо шаффофият таъмин набуд. Дар гузашта ҳам ин гуна афкор ба вуҷуд омада буд. бархе таъкид карда буданд, ки чеҳраҳои арзандае мисли Худоӣ Шарифов , Абдуманнон Насриддинов, Абдунабӣ Сатторов ва чанд тани дигар аз фарҳехтагони илм шоистаи ин мақом буданд, аммо...
Ҷӯрабек Назриев: “Дар соли 2008, ки худи ман ҳам муддаӣ будам, як бозиҳои зиште дар ҳақиқат роҳандозӣ шуда буд, ки ба қавле дрижёри асосиаш худи Маҳмадшо Илолов, президенти вақти Академияи илмҳо буд. Маҳмадшо Илолов бо “интихобот”-и гузарондааш як навъ нобовариро вориди даргоҳи илм кард ва оқибаташро то имрӯз мегӯянду маломат мекунанд. Афсӯс коре шуд, ки набояд мешуд ва масъулону дастандаркорон бояд андеша мекарданд, ки тоҷи сари ҷумла ҳунарҳо ва қуфлкушои ҳама дарҳо илм аст, бо илм бозӣ кардан гуноҳи азим мебошад. Илм бозиро қабул надорад. Боз кӣ медонад, чӣ оқибате дар пеш аст?
Ба нафъи кор аст, агар мо муҳити илмиро ҳифз кунем ва нагузорем, ки ҳар гуна одамони тасодуфӣ вориди майдони илм шаванд. Мутаасифона, имрӯз расм шудааст, ҳар соҳибмансабе, ҳар “мақомдор”-е, ҳар нафаре, ки дар ҷайб зар дорад, осон вориди майдони илм мешавад, рисолаи номзадӣ “менависад”, баъди чанде рисолаи докторӣ дифоъ мекунад ва доктор мешавад ва билохира даъвои бештаре мекунад. Бешак, чунин амал бемории илм аст, хориву беқадрии олим. Як ҳадиси паёмбари Акбарм (с) ҳаст, ки мефармояд: “Олимон меросбари паёмбаронанд”. Бинобар ин илм муқаддас аст ва ҳар нопок наметавонад олим бошад. Бояд мақоми илм аз ҳама чиз боло бошад, варгарна илм хор мешавад. Дар ҳақиқат мисли Худоӣ Шариф, Абдуманнон Насриддинов ва дигарон шахсиятҳое буданд, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд.
Ин гуна ҳарфҳо он вақт буд ва ҳоло низ вуҷуд дорад. Вале ба нафъи кор аст, агар мо муҳити илмиро ҳифз кунем ва ҳар гуна одамони тасодуфӣ ворид нашаванд. Муттаасифона, имрӯз расм шудааст, ҳар нафаре дар идорае кор кард, меояд рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, баъди чанд сол рисолаи докторӣ дифоъ мекунад, доктор мешавад, ки ин боиси ифтихори мо нест. Ин хор шудани илм аст. Барои ҷилавгирӣ аз ин падидаи шум пешниҳод дорам, ҳар касе олим шудан мехоҳанд бояд дар муҳити илмӣ кор кунад, рисолаи илмӣ таълиф кунад. Зери назар ва дар ҳузури донишмандон рисолаашро дифоъ кунад, бо гармиву сардӣ ва шириниву талхии муҳити илмӣ аз наздик ошно шавад ва бидонад, ки илм чисту олим кист. Дар ин хусус чанд сол пеш пешниҳод доштам, ки ҳар кас рисолаи илмӣ “навишт”-у унвони илмӣ гирифт, аз мансабаш канор равад ва биёяд ба хидмати илм, ба Академияи илмҳо ё донишгоҳҳо. Он вақт аз мансаб сӯистифода намекунад ва ҳар кас аз пайи адои вазифаи хеш мешавад. Бо ин роҳ мо метавонем аз олимони тасодуфӣ халос шавем, мақоми илмро ба ҷойгоҳи пешинаш баргардонем”.
Озодагон: Аснои интихоби номзадҳо ва баранда эълон кардани довталабон соҳибвазифа ва қудратманд будан нақш мебозад?
Ҷӯрабек Назриев: “Дар робита ба ин мавзӯъ ҳарфҳое мегӯянд, ки шуниданаш нохуш аст, вале мегӯянд ва касеро ҳам парво нест. Яъне, ҳар фард аз диди худ изҳори назар мекунад, рост ё дурӯғ ҳаволаи инсофи эшон. Баъзеҳо мегӯянд ин омил нақш мебозад. Гуруҳи дигар инкор мекунад. Ба тозагӣ рӯзномаи “Нигоҳ” ва “Миллат” сари ҳамин мавзӯъ ишораҳое доштанд. Яъне, баъзеҳо ба шаффофияти интихобот шубҳа карданд. Чун ҳоло расм шудааст, агар интиқод бикунӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ва додгоҳ намедонам аз рӯйи кадом меъёрҳо 1 миллиону 10 миллион ҷарима мебандад. Ман ин гуна қарорҳои додгоҳро низ қабул надорам. Охир, додгоҳ аз рӯйи чӣ муайян мекунад, ки кӣ чанд пул бояд ҷарима супорад? Масалан, барои исботи ҳақу ноҳақ додогоҳ метавонад қарор барорад, ки Карим ҳак ва Раҳим ноҳақ аст, ба Раҳим рамзан 1 сомонӣ ҷарима таъйин кунад, ин худаш алакай ҷазо аст. Аммо додгоҳҳои мо 1 миллион ҷарима мебанданд ва муҷрим, ки 100 сомонӣ маош мегирад чӣ тавр, аз кадом ҳисоб 1 миллион ҷаримаро пардозад? Ин гуна таззоду ихтилофоте ҳаст, ки таҳрир мехоҳад. Сари ин мавзӯъ андеша бояд кард, ислоҳ мехоҳад, ислоҳи ҷиддӣ”.
Озодагон: Баъзан сару садоҳое баланд мешавад, ки гуиё илм дар Тоҷикистон савдо мешавад, ин воқеият дорад?
Ҷӯрабек Назриев: “Сари ин мавзӯъ баҳсҳои зиёде вуҷуд дорад. На фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия низ сари ин масъала баҳсҳои зиёд аст. Ин ҳарфҳо бо шурӯи “бозсозӣ”-ҳои Мишка Горбачови малъуну Елтсини бадсиришту бадмаст шурӯъ шуд ва давом дорад. Дар муҳити сармоядорӣ ҳама чизро метавон хариду фурӯхт, ҳатто виҷдонро. Дар замони Шӯравӣ навиштан ва дифоъ кардани рисолаи номзадӣ ба сахтӣ муясар мешуд ва ба ҳар кас ин имконият даст намедод. Ҳоло бошад, баъзеҳо хондану навиштан наметавонанд, аммо рисолаи илмӣ дифоъ мекунанд. Дар як он номзади илм мешаванду доктору боз талаби бештар пайдо мекунанд ва “мо” барин муҳрбадастони риёкор барои “пешравӣ”-ашон замина фароҳам меоварем. Вазифаи инсониву виҷдониву муқаддаси имрӯзии мо ин аст, ки дигар ба ин чизҳо роҳ надиҳем. Унвони академикӣ бисёр унвони баланд ва муътабар аст, хуб мешуд аъзои Академияи илмҳо аз ҳисоби барҷастатарин донишмандон интихоб шаванд, то ҳеч кас дар мавриди донишу хиради илмии ин ё он нафар шакку шубҳа накунад. Чизи дигар имрӯз расм шудааст, бисёриҳо меоянд ва мегӯянд, “мо рисола менависем”. Ман ҳайронам, нафаре ки берун аз муҳити илмӣ кор мекунад, чӣ гуна вақт меёбад, ки рисолаи илмӣ бинависад? Вазиру раису сафиру тоҷиру... магар вақти рисола нависӣ доранд?
Соҳибмансабе, ки мехоҳад ба манфиати ҷомеа хидмат кунад, бояд шабонарӯз дар сари кор бошад, яъне аз соати 6-7-и субҳ то 10-11-и шаб вазифаи давлатиашро анҷом диҳад. Пас аз куҷо вақт мемонад, ки ба корҳои илмӣ машғул шавад, китобхона равад... Фикр мекунам, фурсат надорад. Дар асл чунин бояд бошад, вале дидем, ки мешудааст, дирӯз “доктор” шуду имрӯз академик ва шояд истилоҳи “акамедику акамедия” ҳам тайи понздаҳ даҳ соли охир аз ҳамин бозиҳо сар зада бошад. Хуб мешуд пеши роҳи ин амали зишт гирифта шавад”.
Озодагон: Баъди рафтани Шумо аз раҳбарии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ҳоло бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ якҷост, кормандони собиқадори он аз кор рафтанд ва ҳоло вазъ дар ин муассиса чӣ гуна аст?
Ҷӯрабек Назриев: “Махлуқоне дар атрофи ман моҷаро барангехтанду туҳмат заданд. Фитнаашон ошкор гардид, вале мутаасифона эътибори институт халалдор гардид. Метавон Шарофиддин Имомовро ном бурд. Дар гузашта муовини ҷамъияти “Растохез”, ходими илмии ҳамин институт, ҳоло бошад, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва боз чанд нафари дигар”.
Озодагон: Муттаҳид шудани ду институт, яъне, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба манфиат буд ё на?
Ҷўрабек Назриев: “Муттаҳид кардани ду институт бисёр кори ғалат буд. Як замон гӯё ислоҳот гузарониданд, институтҳоро бо ҳам муттаҳид карданд, ки ин як навъ ғалати фаҳш буд. Акнун “бозсозон” хомӯшанд, намегӯянд, ки ғалати мо буд. Ватани соҳибистиқлол дорем, хушбахтона тамоми олам моро ҳамчун кишвари муттамаддин мешиносаду эътироф дорад, бояд ки дар алоҳидагӣ институти махсуси забон ва адабиёт дошта бошем, ки бо тамоми қувва дар хидмати забону адабиёти ин миллат бошад. Мо дар иҳотаи кишварҳои шарқ қарор дорем ва аз ин рӯ институти шарқшиносӣ бояд дошта бошем, ҳатто институти ғарбшиносӣ ҳам. Ва мероси хаттӣ, ки шаҳодатномаи таъриху фарҳанги гузаштаи мо асту мояи ифтихори имрӯзу фардои миллат таваҷҷуҳи махсусро мехоҳад ва аз рӯи мантиқ ҳатман бояд соҳиби пажуҳишгоҳи бузурги мероси хаттӣ бошем, то тавонем мероси бузурги ниёгонро аз ҳар гӯшаву канор гирдоварӣ кунему маврид таҳқиқ қарор бидиҳем. Бубинед, туркманҳо ки тахмин зиёда аз 900 дастхат доранд, дар заминаи он институте доранд бо номи Институти миллии дастхатҳо. Бинобар ин пешниҳод мекунам, мо бояд институти меросии хаттии худамонро дошта бошем. Чун мо нусхаҳои бисёр нодир дорем, ҳарчанд як кишвари бегона қисмати зиёди ин дастхатҳоро нусхабардорӣ карда бурд, бо вуҷуди ин ҳоло ҳам метавонем баъзе корҳоро анҷом бидиҳем. Хушбахтона дар рӯйи дасти мардум нусхаҳои нодир вуҷуд дорад”.