Убайдуллоев дар Санкт-Петербург ифтихорнома гирифт
Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба фаъолияти “Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё”-и худ, ки ҳанӯз 14 соли қабл ба хотири ҳамгироии иқтисодии кишварҳои узв ташкил карда буд, хотима бахшид. Ин қарор рӯзи 27 ноябр дар чаласаи ахири Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург қабул шудааст. Дар ин бора Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси миллии кишвар ба “Озодагон” хабар дод.
Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, парлумони Тоҷикистон яке аз муассисини ин ассамблея ба шумор рафта, солҳои 2007-2009 раҳбарии онро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии кишвар ва шаҳрдори Душанбе бар уҳда доштааст. Саидов мегӯяд, дар ин ҷаласа Убайдуллоев ба хотири фаъолиятҳои самаранокаш бо ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қадрдонӣ шудааст.