Ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ҳамла ба Мақсуд Иброҳимовро маҳкум кард
Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” бо нашри изҳороте ҳамла ба Мақсуд Иброҳимов, раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”-ро маҳкум кардааст.
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, онҳо барои Иброҳимов вакили дифоъ гирифта, ҷараёни тафтишоти қазияро ҷиддӣ таҳти назорат хоҳад дошт. Ниҳоди мазкур инчунин тасмим дорад рӯзҳои наздик бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав ҳодисаи ба гуфтаи ҷаноби Шарипов “самосуд”-и мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ намояд.
Мақсуд Иброҳимов шоми 26 ба 27 ноябр дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарии яке аз беморхонаҳои пойтахти Русия қарор дорад.