Файзинисо Воҳидова: “Сюрприз”-ҳои ҲХДТ ҳамаро шок мекунад
Файзинисо ВОҲИДОВА
Баъди чанд рӯз интригаи интихоботӣ оғоз мешавад. Дар моҳи декабр аҳзоби сиёсӣ дар анҷуманҳои худ номзадҳое, ки аз рӯи феҳристи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ бояд вориди парлумон шаванд, муайян месозанд. Аз замоне, ки парлумонро “касбӣ” эълон карданд, шумораи зиёди курсиҳои вакилӣ дар ихтиёри ҳизби ҳоким қарор дорад. Ҳоло низ 70-80 дарсади парлумон аз аъзои ин ҳизб ташкил ёфтааст. Маҳз ҳамин таҷриба асос шуд, ки ҳокимияти қонунбарор номи “парлумони муйсафедон”-ро гирифт. Тӯли ин ҳама солҳо фаъолияти ғайримустақили парлумон мунтаззам мавриди интиқоди ҷомеа қарор мегирад. Воқеан мо як ҳокимияти мустақили беғарази қонунгузор надорем. Ба назар чунин мерасад, парлумонро ба як ниҳоди муҷозотӣ табдил додаанд. Ҳар нафаре, ки дар соҳаи худ лозим нест ва ё умри мансабиаш ба охир расид, ба парлумон фиристода мешавад. Ин таҷрибаро аслан ҲХДТ ҷорӣ намуд.
Тибқи рӯйхати ҳизбӣ мансабдорони давлатиро аз вазифа барканор ва шомили парлумон мегардонанд. Ман шахсияти вакилонро зери шубҳа қарор доданӣ нестам ва ҳадаф ин нест, ки онҳо сазовори парлумон нестанд. Баръакс, шояд парлумон сазовори ин шахсиятҳо набуду нест, чун вакилии онҳо аз худи онҳо вобаста набуду нест. Ҳеч кадоме аз онҳо интихоб нашудаанду интихобӣ набуданд. Онҳоро таъин намудаанд. Тақдирашонро мақомот ҳал карду мекунад. Мутмаинам, ҳеч кадоме аз онҳо курсии мансабии худро ба курсии вакилӣ иваз карданӣ набуду нест. Аммо дигар илоҷе надоштанду надоранд. Аз бекор мондан, вакил будан беҳтар. Ин дафъа ҳам чунин мешавад. “Сюрприз”-ҳои ҲХДТ ин навбат ҳамаро шок мекунад. Бояд қоил шуд, ки воқеан ҳизби ҳоким тавонист худро миёни мардум ва ҷомеа муаррифӣ кунад, новобаста аз он ки он ба захираҳои ҳукуматӣ ва ресурсҳои давлатӣ дастрасӣ дорад ва аз шахсияти райисҷумҳур сӯиистифода менамояд.
Бояд эътироф кард, ҲХДТ аз рӯи шумораи аъзо низ дар ҷойи аввал меистад, чун ягона ҳизби сиёсӣ мебошад, ки узвият ба он, соҳиб шудан ба вазифаҳои давлатӣ аст. Яъне, собиқ ҳизби коммунист. Дар аҳди Шӯравӣ танҳо коммунист имкон дошт вазифаи давлатӣ бигирад. Танҳо фарқ байни коммунистҳои Шӯравӣ ва ҲХДТ он аст, ки барои ба КПСС қабул шудан шахс бояд як мактаби ҳаётро паси сар мекард ва дар “горком”-у “райком” аз имтиҳони давлатӣ мегузашт, барои узви ҲХДТ будан бошад, кофист, ки мақсади соҳиб шудан ба вазифаро дошта бошад.
Имсол низ дар рӯйхати ҲХДТ, ки мутмаинам чанд моҳ қабл аллакай тайёр буд, даҳҳо чиновники воломақом ҷой мегиранд, ки ҳукумат дар ин 23 сол шояд ба онҳо дилбастагии зиёд дораду намехоҳад барои ноуҳдабароӣ ва иҷрои номатлуби вазифаи давлатӣ барканор шаванд ва ё бинобар синни нафақа давлати пирӣ ронанд.
Кӣ мераваду кӣ меояд? Бо дарназардошти ҳаводиси як соли ахир дар кишвар эҳтимол дорад дар рӯйхати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ номҳои раисони Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, коллегияи ҳарбии Суди олӣ, Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Шӯрои адлия, Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, вазири корҳои дохила, вазири кишоварзӣ ва боз чанд нафар роҳбарони ниҳодҳои интизомию қудратӣ навишта шавад.
Пешгӯӣ кардан нашояд, аммо фикри шахсии ман буд. Баъди чанд рӯзи дигар албатта боз шоҳид хоҳем буд, ки чӣ мешавад ва кадом “сюрприз”-ҳое моро интизоранд.