Ҳабси абади маҳбуси фирорие, ки ба номуси ноболиғ таҷовуз кард
Додгоҳи вилояти Хатлон Намозалӣ Сатторов, як маҳбуси фирорӣ аз зиндони Ваҳдатро ба ҳабси абад мақкум кардааст.
Додгоҳ Намозалӣ Сатторовро дар анҷоми ҷиноятҳо бар пояи чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла фирор аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, рабудани кӯдаки ноболиғ бо мақсадҳои шавҳонӣ, таҷовуз ба номуси ноболиғ ва ҳаракати зуроварии хусусияти шавҳонидошта нисбат ба ноболиғ муҷрим шинохтааст.
Намозалӣ Сатторов, ки барои дуздӣ панҷ сол равонаи зиндон шуда буд, моҳи сентябр аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат фирор кард. Гуфта мешавад, ӯ ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, духтари панҷсолаи Гулбаҳор Зокирова, як зани танҳоро мерабояд ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ба номусаш таҷовуз мекунад. Сатторов миёнаҳои моҳи октябр боздошт гардид.