Такрори ҳаводиси «баҳори араб» дар Осиёи Марказӣ мавҷуд аст
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз эҳтимоли такрори “баҳори араб” дар Осиёи Миёна ҳушдор дод.
Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав, Николай Макаров бо ишора ба ҳаводиси Либияву Сурия гуфт, ки ба ин тариқ сурат гирифтани ҳаводис дар Африқои шимолӣ ва Ховари Миёна тақрибан пешгӯинашаванда буд. Ӯ афзуд, ки маълум нест сарнавишти ин кишварҳо чӣ мешавад ва киҳо сари қудрат меоянд ва ин вазъ бояд бонги хатар барои ҳама кишварҳо бошад. Низомии баландрутба изҳор намуд, ки ҳамин гуна масоил дар кишварҳои Осиёи Миёна низ мавҷуд аст. “Русия бояд ба ҳама гуна таҳаввулот омода бошад”, афзуд ӯ.{jathumbnail off}