Вазъи Мақсуд Иброҳимов вазнин арзёбӣ мешавад
Вазъи Мақсуд Иброҳимов, сиёсатмадори ҷавони тоҷик ва раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст, вазнин арзёбӣ мешавад.
Дафтари матбуоти Шӯъбаи умури дохилии Маскав ба расонаҳои Русия гуфтааст, Иброҳимов дар пайи ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта, ҳолаташ вахим аст. Бино ба хабари расонаҳо ҳамла ба раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” шоми 26 ба 27 ноябр дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Афроди ношинос нахуст ӯро паронда ва баъдан ба баданаш корд задаанд.
Мақсуд Иброҳимов узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” ҳам будааст. Ин эътилоф аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, гуруҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст. Эътилофи мазкур бо нашри як изҳорот рӯзи 27 ноябр ҳамла ба узви худро маҳкум карда, онро кори дасти амниятиҳои Тоҷикистон гуфтаанд.