Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон барои додани “паноҳгоҳ” ба аъзои “ГТА”
Пулиси Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои пулис Илҳом Исҳоқов 10 тан аз ҳамватанони худро дар хонаи иҷорааш ҷой додааст, ки яке аз онҳо, Абдумуқим Мамадҷонов, узви гуруҳи маъруф ба “ГТА” будааст. Номи гуруҳи “ГТА” тобистони соли равон баъди куштори чанд ронанда ва мусофирон расонаӣ шуд. Матбуоти Русия навишт, гуруҳро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон додаанд. Он замон гуфта мешуд, яке аз раҳбарони “ГТА” ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Илҳом Исҳоқов ба расонаҳо гуфтааст, аз узви гуруҳи “ГТА” будани Абдумуқим Мамадҷонов хабар надошт. Муҳаббат Паҳлавонова, ҳамсари Исҳоқов ба хабаргузории “Lifenews” гуфтааст, манзилро соли 2013 ба иҷора гирифта ва чанд вақт пеш онро тарк карданд: “Ҳамсояи мо дархост кард, дӯстонашро дар ин хонаи иҷора ҷой диҳем ва мо ҳам розӣ шудем”.
Гуфта мешавад, ҳамсояи Исҳоқов, ки Мамадҷоновро ба ин хона овардааст, ба Тоҷикистон депорт мешавад. 7 тани дигарро низ хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.