“Намедонамҳо”-и раҳбари “Барқи тоҷик” ва нигаронии Зуҳуров
Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ
Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба назар гирифтани вазъи иҷтимоии мардум ин ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро зери қарзҳои ҳангуфт қарор додааст.
Раҳматзода рӯзи 26 ноябр дар парлумон гуфт, ширкати “Барқи тоҷик” аз неругоҳҳои кишвар, ки ҳоло дар ихтиёри ширкатҳои хориҷиянд, нерӯи барқро бо нархи гарон харидорӣ ва ба сокинон арзон мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат гӯиё аз неругоҳи “Сангтуда-2” бо нархи наздик ба 15 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, ба сокинон бо қиммати 12,6 дирам (бо дар назардошти андози арзиши иловашуда) мефурӯшад: “Сабаби ин қарзҳо дар он аст, ки имрӯз мо аз “Сангтуда-1” низ нерӯи барқро қиммат харида бо назардошти беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум онро арзон мефӯрушем”.
Раҳматзода инчунин талафоти нерӯи барқ ва баъзе аз корхонаҳоро омили дигари зери қарз мондани ниҳоди таҳти раҳбарияш дониста, изҳор дошт, “инҷо “патерия” бисёр аст ва мо ҳоло талош дорем онҳоро аз байн барем. Дар баробари ин баъзе аз субъектҳо низ ҳастанд, ки Шумо худатон бисёр хуб медонед, имкониятҳояшон барои пардохт кардани маблағи барқ маҳдуд аст”.
Раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъкид кард, ҳоло дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё худ СНГ аз ҳама нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон аст: “Дар Тоҷикистон нерӯи барқ хеле арзон аст нисбат ба давлатҳои СНГ ва сабаби асосиаш таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст”. Аммо ӯ дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки ҳоло нархи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар арзиш дорад, натавонист ҷавоб гӯяд. Раҳбари ягона ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон иқрор кард, намедонад, ҳоло дар Узбакистон ё Русия қиммати нерӯи барқ чӣ қадар аст: “Дар Узбакистон ҳам гуфта наметонам нархи нерӯи барқ чанд аст”.
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз огаҳӣ надоштани раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи арзиши нерӯи барқ дар кишварҳои хориҷ ибрози норизоӣ карда, аз ӯ хост, ин ҳамаро омӯзаду таҳлил кунад: “Вақте намедонед, ин бисёр бад аст. Таҳлил кардан даркор! Мо ин хел наметавонем коре кунем, чӣ хел барқе, ки истеҳсол мешавад, худро пӯшонда наметонад?!”
Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 7 миллиард сомонӣ қарздор аст, ки аз ин нишондод 418,5 миллион сомонӣ дар назди “Сантгтуда-1”, 165 миллион сомонӣ аз “Сангтуда-2” мебошад.
Иддао дар мавриди мавҷудияти арзонтарин нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон изҳор дошт, Бишкек аз Душанбе бар ивази ду сент, муодили наздик ба 11 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, барои сокинони кишвараш бо нархи 1,5 сент, ҳудуди 8 дирам мефурӯшад.