ВИДЕО: Пул, “фанатизм”, бесаводӣ... Кадом омилҳо ҷавононро ба ҷангҳо мебарад?
Иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Либия имрӯз аз мавзӯъҳои доғ маҳсуб мешавад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоди ҷангиёни тоҷик танҳо дар Сурияро 300 нафар мегӯянд, ки ҳудуди 50 каси онҳо кушта шудаанд. Кадом омилҳо сабаб мешаванд, ки ҷавонони тоҷик барои иштирок дар ҷангҳо ба кишварҳои хориҷ бираванд. Коршиносон ба ин савол ҷавобҳои мухталиф доранд, аммо сокинони одии кишвар чӣ мегӯянд? Дар ин видео назари чанд сокини Душанберо тамошо кунед ва андешаи худро ҳам зери он бинависед.