Парлумони Тоҷикистон барои наҷоти “Барқи тоҷик” аз баҳри 30 миллион гузашт
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як қарор ба хотири “наҷот”-и ширкати “Барқи тоҷик” масъулини “Сангтуда-1”-ро аз пардохти 30 миллион сомонӣ аз ҳисоби қарзи андоз озод кард.
Ин қарорро намояндагони мардумӣ рӯзи 26 ноябр ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2014” қабул карданд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки ин лоиҳаро муаррифӣ мекард, гуфт, он ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи молии ширкати “Барқи тоҷиқ” аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳаҷми қарзи “Сангтуда 1” дар назди буҷаи давлат аз рӯи андозҳо то 1 ноябри соли равон ба беш аз 25 миллион сомонӣ расидааст ва далели боло рафтани қарзи ин ширкат дар назди буҷа пардохт нашудани ҳаққи нерӯи барқи гирифтаи “Барқи тоҷик” арзёбӣ мешавад. Нуралиев дар шарҳи гуфтаҳояш илова намуд, ҳоло “Барқи тоҷик” аз “Сангтуда-1” беш аз 418 миллион сомонӣ қарздор аст ва аз ин рӯ, неругоҳ наметавонад, ҳаққи андозро ба буҷаи давлат сари вақт пардохт намояд. Дар идома Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ қабули ин қарорро ба нафъи ниҳоди зертобеаш хонда, изҳор дошт, агар намояндагони мардумӣ “Сангтуда-1”-ро аз пардохти 30 миллион сомонӣ озод кунад, масъулини ин неругоҳ 30 миллион сомонии қарзи “Барқи тоҷик”-ро низ кам мекунанд.