Президенти Чехия ба Раҳмон: “Дар муддати кӯтоҳ бар терроризм пирӯз шудед”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Милош Земан, президенти Чехия изҳор доштааст, ин кишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосеро доро аст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон мақоми хос доштани Чехияро дар сиёсати хориҷии кишвар ба он рабт дод, ки миёни ин ду кишвар ҳамкориҳои судманд то давлати мустақил шудани Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштааст. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Милош Земан изҳори боварӣ кардааст, робитаҳои судбахши сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар густариши бештар пайдо хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, Милош Земан дар навбати худ аз фаъолияташ дар шаҳри Душанбеи солҳои 80-уми асри гузашта ёдовар шуда, аз рушди кунунии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намудааст: “Корҳое, ки ба шумо муяссар шуд, ба бисёр давлатҳои дигар муяссар нагардидааст. Дар муддати кӯтоҳ шумо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, бар терроризм пирӯз шудед”.
Милош Земан изҳори бовар кардааст, сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвар такони тоза мебахшад. Номбурда таъкид намудааст, дар Тоҷикистон барои ташкил ва рушди робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо Чехия имконот фаровон аст.
Милош Земан, раисиҷумҳури Чехия шоми дирӯз, 25 ноябр бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.