Тураҷонзода хостори таъсиси телевизион ва минбардиҳӣ ба руҳониёни муътадил шуд
Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруф ва қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон роҳи аслии мубориза бо ифротгароиро минбар додан ба донишмандони муътадили исломӣ донист.
Ӯ ин нуктаҳоро зимни суханронияш дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом” баён дошта, барои берун рафтан аз ин буҳрон таъсиси шабакаи моҳвораиро, ки аз сӯйи донишмандони мӯътадили исломӣ идора шавад, пешниҳод кард. Собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон гуфт, “донишмандони бедор бояд як шабакаи моҳвораӣ, ки аз сӯйи ин қишри муътадил назорат мешавад, роҳандозӣ кунанд. Бештари уламои ҷаҳони Ислом мӯътадиланд, вале мутаасифона фақат ифротиҳо ва тундравҳои шиа ва суннии бесавод соҳиби минбар шудаанд”.
Оқои Тураҷонзода дар идома аз рафтору кирдори бархе пайравони дини мубини Ислом бо шиддат интиқод карда, мушкили номуттаҳидии мусулмононро амали бархе афрод донист, ки ба хотири ақида хуни мусулмонони дигарро мубоҳу онҳоро аз зумраи кофирон ном мебаранд: “Мушкили дигар ин аст, ки рафтору кирдори бархе аз мусулмонон боиси мавриди иҳонату тавҳин қарор гирифтани мусулмонони дигар шуда, дар дилашон кина ва нафрат нисбат ба ҳамдигар пайдо мекунад. Агар иттиҳод ва якпорчагии уммати исломӣ иқтизои инро дошта бошад, ки аз ин корҳо даст бардошта шавад, кадом яке авло аст: иттиҳод ва якпорчагӣ ва ё лаъну нафрин? Ин ҷо дигар посух мисли рӯшании хуршед возеҳ аст”.
Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода таъкид дошт, сабаби ин ҳама бесаводӣ ва фатвоҳои афроде мебошад, ки аз пеши худ муфтӣ шудаанд: “Бояд ҷилави ин ҳарҷу марҷ дар фатво содир карданҳо гирифта шавад. Ҳаққи фатво доданро фақат бояд фақеҳони ҷомеъушшароит дошта бошанд”.
Дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом”, ки аз 23 то 24 ноябри соли равон дар Эрон баргузор шуд, беш аз 300 донишманд ва руҳонии исломӣ аз гӯшаву канори олам иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар он Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ва Абдулло Муҳаққиқ иштирок доштанд.