Имом-хатибони Узбакистон: Яҳудиҳоро эҳтиром ва Исроилро дӯст доред
Имом-хатибони Узбакистон аз мусалмонони кишварашон хостаанд, нисбат ба яҳудиҳо эҳтиром қоил бошанд ва Исроилро дӯст бидоранд.
Бино ба қавли торнамои “Ҳаракати мардумии Узбакистон” ин даъвати имом-хатибон дар хутбаи намози ҷумъаи 21 ноябр сурат гирифта ва онҳо барои таъсиргузор шудани ҳарфҳояшон мисолҳое низ овардаанд. Эргаш Сулаймон муаллифи ин матлаб мегӯяд, имом-хатиби масҷиди “Аҳмад Яссавий”-и ноҳияи Яшнарободи шаҳри Тошканд аз пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) мисол задааст, ки амалҳои нохуби ҳамсояи яҳудашро, монанди ба ҳавлии ӯ рехтани партов таҳаммул мекард. “Худованд дар Қуръон яҳудҳоро “аҳли китоб” хондааст. Бубинед, Худованд онҳоро кофир нагуфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд яҳудиён ва масеҳиёнро эҳтиром намоем, бо онҳо дар фазои мусолиматомез зиндагӣ ва камбудиҳояшонро таҳаммул кунем, он гуна ки камбудиҳои бародар ва хоҳарҳоямонро таҳаммул мекунем”,-гуфтааст ин имом-хатиб.
Даъватҳои ба ин монанд дар масоҷиди дигар низ садо додааст. Имом-хатиби масҷиди “Кукалдаш” - Анвар Қорӣ Турсунов аз намозгузорон тақозо кардааст, ба таҳрики ифротгароҳои динӣ, ки талош мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро алайҳи яҳудиён ва кишвари Исроил шӯронанд, дода нашаванд: “Ин ба истилоҳ мусулмонон бар хилофи Қуръон ва суннати пайғамбар Муҳаммад (с) амал мекунанд. Замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум узбакҳо кӯдакони яҳудиро дар хонаҳои худ ҷой доданд. Яҳудиҳо низ бандаи Худоянд ва Исроил як кишвари комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаст”.
Эргаш Сулаймон дар хулосаи матлаби худ менависад, дар Узбакистон мавзӯи намози ҷумъа таҳти назорати Идораи дин аст ва имом-хатибон ҳақ надоранд ба дигар мавзӯҳо бипардозанд ё аз мавзӯи додашуда берун шаванд: “эҳтимол аст, ки мавзӯи даъват ба эҳтиром ва дӯст доштани яҳудиёну Исроил кори Хадамоти амнияти миллии Узбакистон бошад. Яҳудситезӣ кори хубе нест, аммо ин даъвати ногаҳонӣ моро ба андешидан водор мекунад. Оё ин ба ҳайси пора ба хадамоти махсуси Исроил нест, ки дар марги “Ҷаслик” ба мухолифони динӣ ва сиёсии режим кумак карданд? Хадамоте, ки тӯли 20 сол ба режими Каримов дар ҷустуҷӯ ва нобуд сохтани фаъолони исломӣ дар Узбакистон кумак кард”.