Эътирози занони яманӣ ва тақозои муҷозоти мақомот дар қазияи табиби тоҷик
Даҳҳо нафар аз занони яманӣ бо нишони эътироз аз тул кашидани раванди раҳоии Гулрухсор Рофиева, табиби рабудашудаи тоҷик, дар рӯбарӯи бинои ҳукумати вилояти Маъриби ин кишвар гирди ҳам омадаанд.
Ин хонумон рӯзи 25 ноябр бо сар додани шиорҳои маҳкумкунанда аз Султон ибни Али ал-Ирода, раҳбари Маъриб хостаанд, ин масъаларо ҷиддӣ бигирад. Бонувони яманӣ дар рабуда шудани табиби тоҷик тамоми мақомҳои баландпояи қудратии вилоятро гунаҳкор дониста, аз Султон ибни Али ал-Ирода муҷозоти онҳоро талаб кардаанд. Ба гуфтаи ин занон, маҳз бесалоҳиятӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят сабаб гардидааст, ки Рофиева аз сӯи гуруҳи мусаллаҳ рабуда шуд. Онҳо дуздида шудани як зани тоҷикро, ки аз кишвари дуре барои кумаку табобати пайвандони онҳо ба Яман омадааст, ор ба фарзандони миллати худ хонда, ин амалро дур аз чаҳорчубаи ахлоқию динӣ донистаанд.
Тазоҳуроти занони яманӣ барои раҳоии Рофиева дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Яман ҳанӯз рӯзи 15 ноябри соли равон аз муайян шудани ҳуввияти афроде, ки дар рабудани Гулрухсор Рофиева даст доранд, хабар дод. Ин ниҳод гуфт, дар рабудани табиби тоҷик се шаҳрванди ин кишвар муттаҳам мешаванд, ки қаблан низ ба ин гуна ҷиноят даст задаанд. Манбаъ аз одамрабоён, Алиносир Солеҳи Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммадносир Солеҳи Ҳариқдони 30-сола, Носир Солеҳ Ҳариқдони 27-сола ном бурда, гуфтааст, ин афрод аз қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда мебошанд, ки зодаи минтақаи маъруф ба номи Ал-Водии вилояти Маъриби Яман ҳастанд.
Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Ахиран Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ ба ин қазия дахл карда, бо ирсоли як паёми шахсӣ аз ҳамтои яманияш Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар раҳо намудани табиби рабудашудаи тоҷик, Гулрухсор Рофиева кӯмак хостааст. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар паёми Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз Вазири корҳои хориҷии Яман тақозо шудааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир андешанд. Ба иттилои ин ниҳод Робиева аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман рабуда шудааст. Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои раҳоии дар Яман аз сафорати Русия дар ин кишвар дархости кӯмак намуда буд.