Зинда бод миллати бемору ғариб!
Файзинисо ВОҲИДОВА
Зиндагие ки имрӯз мардуми тоҷик дорад, таҳқири миллат мебошад. Шароите ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳаммул мекунад, шояд аз бешаю биёбони Тайга тафовуте надошта бошад. Шояд ҷонсахттарин миллати рӯи дунё тоҷик бошад, ки дар як шабонарӯз бо се соат барқ - саҳару бегоҳ қаноат мекунад. Бо фурӯзонакҳои каммасрафи чинӣ, ки ҳеч равшанӣ ва нур надорад, ҳукумат шояд тасмим гирифтааст, миллатро куру нобино кунад. Дар 23 сол ин миллати азияткашида кару гунг буд, чун ситоиши сунъии лаганбардоронро намешуниду аз камбудии масъулин эрод намегирифт. Чун ин амалу рафтори мардум ба ҳукуматиҳо писанд омад, акнун вақти он расидааст, миллат нобино бошаду аз зулму ситами иҷтимоӣ лаб накушояд!
Аз дуди ғализи шамъи чинӣ мардум касалу дардманд, дар кӯчаю бозор, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳама месулфад. Аз дуду бӯи ангишт мардум дарди сар, фишори хун баланд, бемори қалб... Заҳролудшавии одамон аз дуди ангишт, фавти шаҳрвандон ва ин ҳама дар қарни 21. Чанд сол қабл вақте ки ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаштем, ҳукумат ваъда дод нерӯи барқ сарфа шуда, лимит сабуктар мегардад. Аммо бо гузашти чанд сол шоҳиди он гардидем, ки ҳеч беҳбудии назаррасе дар ин самт нест. Имсол лимити барқ дар вилояти Суғд аз моҳи сентябр оғоз гардида, як ҳафта мешавад, дар шаҳрҳои марказӣ низ ҷорӣ шудааст. Чунин маҳдудият шояд қабл аз ин набуд. Ҳатто дар беморхонаҳои ҷамоатҳо рӯзона пурра нерӯи барқ қатъ мегардад. Ман ин ҳамаро таҳаммул мекардам, агар дар хонаҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят низ баробари мардуми оддӣ лимит вуҷуд медошт.
Абдураҳмон Қодирӣ баробари таъин шуданаш ба симмати раиси вилоят аввалин коре, ки кард роҳи хонаашро аз шаҳр то ҷамоат мумфарш намуд ва мутмаинам дар ҳавлиаш шояд шабона на камтар аз 150 адад фурӯзонак рушан бошад. Ӯ ҳамчун инсон қабл аз ҳама барои худ ва аҳли байташ шароити иҷтимоии беҳтар дуруст кард. Пас, мардуми вилоят инсон нестанд? Ё мо бачаҳои ҷайра ҳуқуқ ба рӯзгори обод надорем? Барои як каф хоки Камоли Хуҷандӣ бо сарфи маблағи ҳангуфти давлат ба Эрон рафт. Оё имкон надошт, ки дар фасли зимистон бо ин маблағ каме ҳам бошад, шароити иҷтимоии сокинони вилоятро беҳтар созад? Як каф хоки Камол заруртар аз ҷони чандин инсон аст, ки аз дуди ғализи ангишт мемиранд? Аз Камол-ку шояд устухон ҳам боқӣ намонда бошад, аммо хубтар нест, ки ба зиндаҳо ғамхорӣ шавад? Дар замонаш Камоли бузургро дар дарбори давлати тоҷикон азият карданду аз Ватан ронданд ва дар ҳичрат “во ғарибӣ, во ғарибӣ” гуён ҷон дод, имрӯз як каф хоки қабристони Камол ӯро зинда мекунад ё зулму ситами нисбат ба ӯ раво дидаро ҷуброн месозад? Ё мо миллате мебошем, ки танҳо баъди ҷабру ситам ва мурдан аз мо ёд мекунанд? Имрӯз ҳоли ин миллати кару гунг, куру нобино, бемору беҳуқуқ аз Камол бадтар аст.
Маълум аст, ки тоҷик ҷонсахттарин миллати рӯи олам мебошад, аммо чиновникҳои ҳукуматӣ боре ҳам фикр карда бошанд, ки ин ҳама оқибат миллатро ба нестӣ мебарад? Мисли Камол дар ғарибӣ мемирему Ватанро ба ихтиёри чиновникҳои бевиҷдону беимон мегузорем. Зиҳӣ миллати тоҷик, миллати бемор, миллати нобино, миллати ҳайрону сарсон, миллати ғариб! Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)