Рашид Раҳимов “Тренери моҳ”-и чемпионати Русия
Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик ва сармураббии клуби “Терек”-и Грознияи Чеченистон дар пайи ҷамъбасти моҳи октябри СОГАЗ-Чемпионати Русия дар мавсими 2014/2015, “Тренери моҳ” эълон шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Наш футбол”-и Русия забар додааст.
Гуфта мешавад, Раҳимов барои бозиҳои муваффақи дастааш дар мавсими ҷорӣ ба ин унвон даст ёфтааст. Рашид Раҳимов аз моҳи ноябри соли 2013 ба “Терек” омад ва бо талошҳои ӯ клуб мавқеашро дар ҷадвали мусобиқот беҳтар намуд. Дар мавсими ҷорӣ баъди 14 давр “Терек” дар ҳафт дидор дастболо гардида ва 24 имтиёз дорад (дар тамоми мавсими гузашта клуб ҳамагӣ ҳашт бурд дошт).
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2001”Амкар”-и Пермро тамрин додааст.