(ВИДЕО) Тоҷикдухтари муқими Швейтсария ба даври баъдии “Eurovision-2015” роҳ наёфт
Зарина Тоҷибоева, тоҷикдухтари муқими Швейтсария, ки муддаии маъруфтарин озмуни мусиқии Аврупо - Евровидение аз номи ин кишвар буд, аз идомаи сабқат маҳрум шудааст.
Доварони ин озмун аз байни 200 довталаб танҳо нуҳ нафарро баргузидаанд, ки миёнашон ҳунарманди тоҷик нест. Ин нуҳ нафар муборизаро барои аз номи Швейтсария дар озмуни байналмилалии мусиқӣ иштирок намудан, ки соли оянда дар Австрия баргузор мешавад, идома хоҳанд дод.
Зарина Тоҷибоева дар Тоҷикистон зода шуда ва мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кардааст. Вақте донишҷӯи Донишгоҳи текникии Тоҷикистон буд, бо кумаки барномаи IRST ба Олмон рафта, ба донишгоҳи Сарбикин дохил мешавад. Баъди чанд сол ҳамроҳ бо шавҳараш, ки шаҳрванди Швейтсария аст, ба он кишвар меравад. Зарина аслан кори тарҷумонӣ мекунад, аммо таронахонӣ ҳам яке аз шуғлҳои ӯ будааст.
Зарина Тоҷибоева мегӯяд, дар дурӣ аз Ватан ба зару зевар ва ороишҳои суннатии тоҷикӣ муҳаббати вижа пайдо кардаву манзилашро бо қолӣ ва сӯзаниҳои тоҷикӣ ороста аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар лаҳза, ки дилаш барои Ватан танг мешавад оҳангҳои тоҷикиро гуш мекунад.
Зарина бо таронаи “We fly” (Парвоз мекунем) муддаии “Евровидение” буд.