Таъсиси шӯрои миллӣ барои беҳбуди ҳаёти ҷавонон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди раисҷумҳур таъсис дода мешавад.
Тавре аз дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, таъсиси ин шӯро дар доираи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ки имрӯз 25 ноябр аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, ҳадаф аз ин қонуни нав ва таъсиси шӯрои милли мазкур “таҳкими минбаъдаи иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар, мусоидат ба дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо” мебошад.