Шуҳрат Қудратов хостори афв шудааст
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик, ки аз ҷониби мақомот дар қаллобию порагирӣ муттаҳам мешавад, хостори афв шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Раҳматилло Зойиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов хабар дода, афзуд, ки парвандаи зерҳимояаш аллакай дар додгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад.
Зоиров гуфт, аз додгоҳ талаб хоҳанд кард, ки парванда аз рӯи моддаи 320, гирифтани пора қатъ шавад, чун гуноҳи зерҳимояаш аз рӯи ин модда тасдиқи худро наёфт. Ба гуфтаи Зоиров исботи гуноҳ ва бегуноҳии Қудратов аз рӯи ин модда мушкил аст, бинобар ин дархост хоҳанд кард, ки парвандаи гирифтани пора куллан қатъ карда шавад.
Зоиров гуфт, зерҳимояаш аз рӯи моддаи 247, яъне қаллобӣ низ гуноҳашро эътироф накардааст, вале бо назардошти 4 моҳи ҳабс ва кашолакориҳои мақомоти тафтишотӣ мо аз додгоҳ талаб хоҳем кард, ки Қудратов аз рӯи ин модда афв карда шавад.
Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, дар гирифтани пора (моддаи 320) ва қаллобӣ (моддаи 247) айбдор карда мешавад.