Раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳ ба Саудӣ меравад
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ барои анҷоми як сафари расмӣ ба шаҳри Риёз меравад.
Абдурраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа, сафири Арабистони Саудӣ дар Бишкек гуфтааст, сафари Отамбоев ба Риёз рӯзҳои аввали моҳи декабри соли равон сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи ал-Ҷумъа, раисҷумҳури Қирғизистон дар ин сафар бо мақомоти аршади Арабистони Саудӣ, аз ҷумла вазири молия, раиси Маҷлиси шӯро ва шоҳи Саудӣ – Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот хоҳад кард.
Ӯ мегӯяд, ин нахустин сафари мақомоти расмии Қирғизистон ба Арабистони Саудӣ буда, дар ҳошияи он намояндагони ду кишвар як қатор мувофиқатномаҳоро низ ба имзо хоҳанд расонд. Боздиди Отамбоев аз Арабистони Саудӣ дар ҳолест, ки қаблан шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ӯро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Риёз даъват карда буд.