Убайдуллоев боз бо сафари серӯза ба Русия меравад (ВИДЕО)
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе барои анҷоми як сафари расмии серӯза озими Русия мешавад.
Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев дар ин сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, ки рӯзи 26 ноябр ба шаҳри Санкт-Петербург меравад. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ҳадаф аз сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Русия иштирок дар ҷаласаи Шӯро ва Иҷлосияи 41-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошад.
Сухангӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳайат инчунин дар чорабиниҳои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё иштирок хоҳанд кард.
Ин сафар дар ҳолест, ки моҳе пеш Убайдуллоев дар садри як ҳайати воломақомоми Тоҷикистон дар Маскав қарор дошт ва бо муҳоҷиронии кории тоҷик низ як суҳбати ошкоро орост, ки навораш инҷост: