ВИДЕО: “Ҳоҷӣ Самандар” дар куштори бародарон Каримовҳо муттаҳам мешавад
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти 3 нафар хабар дод, ки дар куштори тоҷирони мошинҳои гаронарзиш, бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ташкилкунандаи ин ҷиноят “Ҳоҷӣ Самандар” як сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки феълан ҳамроҳ бо ду муттаҳами дигар боздошт шудааст. Ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфтааст, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо маблағи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд. "Баъде, ки дидам намешавад, гуфтам баред инҳора нобуд кунед, зеро моро ҳам нобуд мекунанд."-гуфтааст ӯ.
Ба иттилои мақомоти амниятӣ Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд: "Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд."
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардидааст. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада бедарак шудаанд.
ВКД мегӯяд дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан тафтишоти парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.Видеои гузориши телевизионии КДАМ дар бораи ин қазия: