Раиси Росгидромет: Об дар сиёсат аз нафт пеш мегузарад
Александр Фролов, роҳбари Росгидромет ё худ муассисаи обуҳавошиносии Русия мегӯяд, мушкили оби ошомиданӣ дар сайёраи Замин шиддат мегирад.
Фролов рӯзи 24-уми ноябр, зимни як ҳамоиш дар мавзӯи гармшавии глобалии ҳаво дар Маскав муносиботи бади Тоҷикистону Узбакистон аз барои обро мисол оварда, таъкид намудааст, ки бо мурури замон об дар сиёсати ҷаҳонӣ аз нафт ҳам пеш мегузарад: “Нафт, ки яке аз омилҳои таъсиррасони сиёсат дар ҷаҳони феълист дуюмдараҷа хоҳад шуд ва ҷои онро об хоҳад гирифт.”
Раҳбари Росгидромет инчунин аз эҳтимоли зиёд шудани “гурезаҳои иқлимӣ” ҳушдор додааст. Ба бовари ӯ гармшавии ҳаво дар ҳамсояҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мушкили ғизо, бекорӣ ва ғайраро бештар кунад, ки дар натиҷа “гурезаҳои иқлимӣ” метавонанд афзоиш ёбанд.