Хокейбози машҳури СССР даргузашт
Виктор Тихонов, хокейбози машҳури рус ва қаҳрамони секаратаи олимпӣ дар сини 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Тихонов, ки муддати тулонӣ буд, заҷри беморӣ мекашиду ахиран аз ҳаракат низ боз монда буд, шаби 23 ба 24 ноябр дар шаҳри Маскав фавтидааст. Игор Есмантович, дабири кулли тими хоккейи “ССКА”-и Русия дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, тамоми хароҷоти ҷанозаи Тихоновро ин тим бардӯш гирифтааст.
Тихонов дар гузашта раҳбарии тими яккачини хоккейи ИҶШС (СССР)-ро ба зимма дошта, зери роҳбарии ӯ ин тим 8 бор Унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шудаву 13 маротиба ғолиби мусобиқаҳои хоккей дар ИҶШС шуд. Давраи мурабии Тихонов, тими мунтахаби хоккейи ИҶШС се бор, дар соли 1984, 1988 ва 1992 Унвони қаҳрамони олимпиро ба даст оварда, дар Олимпиадаи соли 1980 низ нишони нуқраро дарёфт кард.