Ҷустуҷӯи ҷасади тоҷири 32-солаи тоҷик дар дарёи Зарафшон
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, бо гузашти беш аз 72 соат ҳанӯз ҷасади Муҳаммаднодир Норов, тоҷири тоҷикро пайдо накардаанд.
Бино ба фарзияҳои мақомот, ин тоҷири 32-солаи тоҷик рӯз 21 ноябри соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар километри 19-уми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент дар мавзеи Хоҷагурез бо мошини худ – “Лексус” ба дарё сарозер шудааст. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар рӯзи 24 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, кормандони онҳо ҳоло танҳо мошини тоҷирро пайдо кардаанд.
Ба қавли ӯ, рӯзи 21 ноябри соли ҷорӣ дастаи 5-нафарии зудамали кумита дар вилояти Суғд бо раҳбарии капитан Абдулҳамидов ба ҷои ҳодиса сафарбар шудааст ва мошини Норовро пайдо карда, аз дохили дарёи Зарафшон берун овардаанд: “Бачаҳои мо худи ҳамон рӯз соати 17:00 ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва мошинро берун овардаанд, аммо дар дохили он касе набудааст”.