Эълони роҳбандиҳои 2-рӯза дар Душанбе барои амнияти Милош
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, барои таъмини амнияти Милош Земан, раисиҷумҳури Чехия аз бегоҳи 25-ум то 27-уми ноябр ҳаракати воситаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 25 ноябр, аз соати 17:30 то 18:20 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ, хиёбони И.Сомонӣ то Сино муваққатан манъ карда мешавад:
“Рӯзи 26 ноябр, аз соати 10:00 то10:30, 13:00 то 13:15, 14:20 то 15:00, 15:40 то 15:55, 16:45 то 16:55 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ муваққатан манъ карда мешавад. Аз соати 18:30 то 18:50 ва аз соати 20:30 то 20:50 дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони И.Сомонӣ муваққатан маҳдуд мегардад.”
Бозрасии автомобилӣ меафзояд, ки 27 ноябр, аз соати 11:30 то 12:00 дар хиёбони Рудакӣ ва аз соати 14:00 то 14:15 дақиқа дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан масдуд мешавад.
Раисиҷумҳури Чехия бо сафари корияш бегоҳи 25-уми ноябр вориди Тоҷикистон мешавад, ки то 27-уми ноябр идома хоҳад дошт.