Обуҳавошиносон: Тоҷикистонро ҳавои номуътадил интизор аст
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номуътадил, ки имрӯз, 24-уми ноябр кишварро фаро гирифтааст, фардо, 25-уми ноябр низ идома хоҳад дошт.
Ба иттилои ин ниҳод 25-уми ноябр низ боришоти кӯтоҳмуддати борон дар назар буда, ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона +6 +8 дараҷа ва шабона +3 + 5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Манбаъ мегӯяд, 26-уми ноябр кишварро ҳавои соф фаро хоҳад гирифт, аммо 27-уми ноябр боз сардию боришоти кӯтоҳмуддати борон онро иваз мекунанд.
Ба гуфтаи обуҳавошиносон фардо, 25-уми ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон +9+11 дараҷа, вилояти Суғд +8 +9 , дар навоҳии тобеи марказ +9 +11, ғарби Бадахшон +8 +9, шарқи Бадахшон +2 +3 ва дар шаҳри Душанбе +9 +13 дараҷа дар назар аст.