Додгоҳ “хардузд”-ро панҷ сол равонаи зиндон кард
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро дар дуздӣ, аз ҷумла рабудани гову хар муҷрим шинохта, 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Бино ба ҳукми Исозода Хуршед, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ Умаралӣ Миров ин муҳлатро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар хоҳад кард.
Аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Умаралӣ Миров дар рафти баррасиҳои додгоҳӣ ба чанд ҳолати дуздӣ иқрор кардааст. Аз ҷумла гуфтааст, моҳи марти соли 2013 дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) аз дохили утоқи таъмири телевизиор як телевизори тамғаи “Самсунг”-ро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст. Моҳи августи соли 2013 бошад, аз манзили ду сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб як хар ва як сар чорвои калони шохдорро рабудааст. “Худи ҳамон рӯз говро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, ба маблағи 2500 сомонӣ фурӯхта, маблағҳи онро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Инчунин, моҳи майи соли 2014 аз кӯчаи Хоҷаанбиёи болои шаҳри Душанбе ду сар говро дӯздида, якеро бар ивази 1800 сомонӣ ва дигариро 2100 сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшон мефурӯшад.