Пулис: Як чечен 4 тоҷикро тарсонда, ғорат кардааст
Мақомоти умури дохилии вилояти Краснодари Русия алайҳи як ҷавони 25-солаи чечен, ки бо таҳдид 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ғорат кардааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.
Тибқи иттилои тафтишот шаҳрванди чечентабор бо сохтмончиён аз Тоҷикистон дар яке аз марказҳои савдои Краснодар шинос шуда, ба онҳо таъмири як хонаро пешниҳод кардааст: “Онҳо аввал розӣ шудаанд, вале баъдан рад кардаанд. Ҷавони чечен бо таҳдиди латукӯб аз тоҷикон шиносномаҳояшонро гирифтааст ва ба ивази 6 ҳазор рубл баргардондааст.”
Мақомоти тафтишотии Краснодар мегӯянд, ин ҷавони чечентабор бо ин қаноат накарда, рӯзи дигар ба коргоҳи тоҷикон ҳозир шуда, қулфашонро шикаста, телефон, ноутбук, планшет ва 35 ҳазор рублашонро гирифта, ҷои ҳодисаро тарк намудааст.
Ба иттилои манбаъ баъди боздошт ҷавони чечен гуноҳашро иқрор кардааст ва шарҳ додааст, ки кораш дар сохтмон вазнин буд ва аз ҳисоби ғорати тоҷикон хост, маблағи “бе дарди миён”-ро ба даст орад. Ба иттилои манбаъ алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.