АКС: Дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Нарита
Хушқадам Хисравов, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Наритаи Ҷопон барандаи медали нуқра гардид. Ӯ дар вазни 62 кило бар рақиби худ пирӯз шудааст.
Аз ин пеш Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик ва барандаи дукаратаи чемпиони ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, ҷоизадори ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон низ рӯзи 22 ноябри соли равон дар ин мусобиқа мақоми сеюмро касб карда буд.
Хушқадам Хисравов, ки муҳассили Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва ҳамзамон устоди варзиши дараҷаи байналмил аст, як сол пеш қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон эълон шуда, дар соли равон дар мусобиқаи шаҳри Тошканди Узбакистон унвони каҳрамони Осиё байни бузургсолонро соҳиб шуд.