Раҳмон: САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем
Дидё Буркхалтер, раиси феълии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва вазири умури хориҷӣ-президенти Конфедератсияи Швейтсария имрӯз, 22 ноябр дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ихтисоси 19 миллион доллар барои Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Дидё Буркхалтер дар ин вохӯрӣ иброз доштааст, ки аз ҷониби Швейтсария барои рушди иҷтимоию зербиноии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 миллион доллар маблағҳои грантӣ ҷудо шудааст ва соли равон барои ҷудо намудани 19 миллион доллари дигар се созишномаи нави дуҷониба ба имзо расидааст. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Швейтсария баҳои баланд дода, ҳамзамон зарурати густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаро таъкид намудааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар се самти афзали он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ зоҳир шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дафтари САҲА ва Коллеҷи марзбонии ин созмон низ дар Тоҷикистон баҳои баланд додааст: “Мо САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.
Дар мулоқот миёни ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷоннок намудани ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, гуфтугӯ сурат гирифтааст. Масъалаи рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбати Дидё Буркхалтер ва Эмомалӣ Раҳмон будааст.