Искандарзода сардори Раёсати умури дохилии Бадахшон таъйин шуд
Полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон таъйин гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 22 ноябр як гуруҳ кадрҳои тозаинтихоб дар мақомоти умури дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, аз ҷумла раҳбари нави Раёсати умури дохилии Бадахшонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Искандарзода то кунун дар Шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб кор мекард ва ҳанӯз се моҳи қабл ба ҳайси иҷрокунанда ба ин мақом таъйин шуда буд.
Ӯ дар ин мақом полковник Файзулло Нозимовро иваз намуд, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ бо дархости сокинон дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонии Хоруғу Бадахшон барканор шуда буд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, дар баробари таъйин шудани сардори нави Раёсати умури дохилии Бадахшон, сардорони нави чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати умури дохилӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои минтақавии ин ниҳод ва сардорони якчанд раёсати Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ иваз шудаанд. Аммо манбаъ ному насаби кадрҳои навро зикр накардааст.